Нашрияи "Financial Times" рӯзи чоршанбе навишт, ки пешниҳоди ИМА-ро дар ин замина вазирони молияи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 5 июн онлайнӣ баррасӣ карданд.
Ин қарз аз ҳисоби даромад аз дороиҳои ҳабсшудаи Русия баргардонида хоҳад шуд. Бештари дороиҳои Русия дар ИА ҳабс шудаанд. Амрико талош дорад, ИА таҳримҳои зидди Русия, аз ҷумла ҳабси дороиҳои онро ҳадди ақал то анҷоми ҷанг дар Украина ё розӣ шудани Маскав ба пардохти ҷуброни зарар ба Киев тамдид кунад.
Қаблан вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен дар бораи ҷудо кардани қарз ва шартҳои баргардонидани он суҳбат карда буд. ИМА ин масъаларо бо шарикони худ дар доираи "Ҳафтгонаи бузург" низ баррасӣ кардааст.
Қарор аст, шеваҳои истифодаи даромад аз дороиҳои ҳабсшудаи Русия дар саммити "Ҳафтгонаи бузург", ки аз 13 то 15 июн дар Итолиё баргузор мегардад, баррасӣ шавад.