Ссылки доступа

Талаби Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон дар бораи Бадахшон ва хабарнигорони зиндонӣ


Иттиҳоди Аврупо аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, бори дигар аз Душанбе хост, нақзи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро таҳқиқ кунад.

Талаби намояндагони созмон 16-уми июл дар ҷаласаи ёздаҳуми Кумитаи ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Душанбе садо додааст.

Дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо омадааст, ин созмон аз аҳамияти “таҳқиқи ҳамаҷонибаи нақзи ҳуқуқи инсон, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ёдовар шуда, аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон ва блогерҳои маҳбус изҳори нигаронӣ намуд.”

Ба қавли манбаъ, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ҷомеаи озод ва фаъоли шаҳрвандӣ якҷо бо расонаҳои озоди ҳамагонӣ “барои рушди ҷомеаи демократӣ муҳиманд.”

Посухи намояндагони Тоҷикистон ба дархосту танқидҳои Иттиҳоди Аврупо маълум нест. Ёздаҳумин ҷаласаи Кумитаи дуҷониба зери роҳбарии Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва Люк Девин, муовини Мудир иҷроии Хадамоти амалиёти берунаи Аврупо баргузор шудааст.

Изҳороти Иттиҳоди Аврупо дар зимни худ рӯйдодҳои баҳори соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар назар дорад, дар саркӯби эътирози гуруҳе аз сокинон 34 нафар кушта, даҳҳо кас дастгир ва ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Созмону кишварҳои ғарбӣ рафтори мақомоти Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи инсон медонанд. Мақомот гуфтаанд, ки ин афрод узви гуруҳҳои ҷиноӣ буданд. Наздикони кушташудаҳо ва зиндониён дар Бадахшон ҳамвора ба бегуноҳии онҳо таъкид мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи майи 2022 то аввали 2023 ҳашт хабарнигору блогерро дастгир ва аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум карданд. Чанд ҳомии ҳуқуқи инсон низ дар зиндон ҳастанд. Бо вуҷуди талабҳои батакрори созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар қазияи хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ тағйире дида нашудааст.

Ба гузориши намояндагии Иттиҳоди Аврупо, дар ҷаласаи ахир ҳамчунин мавзуъҳои муҳити зист, энергетика, тиҷорат, вазъи Афғонистон, афзоиши хатари терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG