Ссылки доступа

Ихтиёрии рус Демиденко, ки ба гурезаҳои украинӣ кумак мекард, дар "СИЗО" фавтидааст


Александр Демиденко
Александр Демиденко

Ихтиёрии рус Александр Демиденко, ки ба гурезаҳои украинӣ кумак мекард, дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Белгород фавтидааст.

Расонаҳои "Вот Так" ва "Важные истории" дар ин бора бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додаанд.

Демиденко 5 апрел фавтидааст, вале хабари марги ӯ акнун расонаӣ мешавадт.

Александр Демиденко аз миёнаҳои моҳи октябри соли гузашта бо гумони қочоқи силоҳ дар ҳабс буд. Қарор буд, ӯро ба Санкт-Петербург баранд ва зиддаш иттиҳоми ҷиддитаре эълом кунанд.

Ихтиёрии 61-солаи рус аз замони оғози ҳамла ба Украина дар ҳамоишҳои зиддиҷангӣ иштирок карда, ба гурезаҳои украинӣ мусоидат мекард, ки ба ватан баргарданд. Ба навиштаи "Медиазона", боре дар манзили ӯ то 900 кас, ки боз шудани гузаргоҳи марзиро мунтазир буданд, шабро рӯз кардаанд.

Александен Демиденкоро 20 октябри соли гузашта бар асоси як банди маъмурии марбут ба истеъмоли нушокии спиртӣ дастгир карданд. Ӯ баъди 10 рӯз озод шуд, вале дертар дубора дастгир ва ба қочоқи силоҳ муттаҳам гашт.

XS
SM
MD
LG