Пулиси милллии Украина мегӯяд, ҷустуҷӯи гумонбар оғоз шуда, дар ҳоли ҳозир шахсияти он номаълум аст.
"РБК-Украина" ва як қатор телеграм-каналҳо навиштанд, шахси ношинос ба сӯи рӯзноманигор ва мухолифи қазоқ Айдос Содиқов, ки бо танқидҳои худ аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев маъруф аст, оташ кушодааст. Ӯ Тоқаевро ба русгароӣ муттаҳам мекунад.
Дар Додситонии кулли Украина тасдиқ карданд, ки сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигори қазоқистонӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаи оташкушоӣ Содиқов сахт захмӣ шуда, дар ҳоли ҳозир дар беморхона бистарӣ аст. Пулис қаблан хабар дода буд, ки ҳамсари пешини рӯзноманигор, ки ҳамроҳи ӯ дар дохили мошин буд, осеб надидааст.
Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.