Ссылки доступа

Марги се нафар ҳангоми омадани сел дар гӯшаҳои Тоҷикистон


Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Истаравшан се нафар ҷон бохтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми май дар баёнияе гуфт, яке аз онҳое, ки дар Варзоб ба ҳалокат расид, “40 сол ва дигаре 67 сол дошт”.

“Як зани 20-сола аз ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан низ рӯзи панҷуми май зери сел монда, ҷон бохтааст,” – хабар дод манбаъ. Ин зани ҷавон, ба гуфтаи мақомот, барои чарондани чорво ба саҳро рафта буд.

Давоми ду рӯзи охир бар асари боронҳои зиёду пайдарпай дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои атрофи Душанбе сел омад.

Дар наворҳое, ки корбарон аз ноҳияи Сангвор (Тавилдара) ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки сел ба хонаи сокинон даромадааст. Дар чанд минтақаи дигар роҳу пулҳоро

XS
SM
MD
LG