Ссылки доступа

Сенати ИМА бастаи кумаки низомиро дар ҳаҷми $61 млрд барои Украина тасдиқ кард


Сенати Конгресси ИМА баъди Палатаи намояндагон тарҳи қонунеро тасдиқ кард, ки ҷудо кардани 61 млрд доллар кумаки низомиро барои Украина мадди назар дорад. Ба ҷонибдорӣ аз тарҳи қонун 79 сенатор ва зидди он 18 сенатор овоз доданд.

Палатаи намояндагони ИМА ин тарҳи қонунро 20 апрел тасдиқ кард. Акнун тарҳи бастаи кумакҳо барои имзо ба президенти ИМА Ҷо Байден ирсол мешавад. Пештар Байден гуфта буд, ки билофосила тарҳи қонунро имзо хоҳад кард.

"Ман фавран ин қонунро имзо мегузорам ва ба тамоми ҷаҳон паём медиҳам: мо аз дӯстонамон ҳимоят мекунем ва ба Эрону Русия иҷозаи комёбиро намедиҳем", - гуфт Байден.

Аз 60,84 млрд доллари барои Украина ҷудошуда наздики 23 млрд доллар барои афзудани захираҳои силоҳҳои амрикоӣ, бештар аз 11 млрд доллар ба сармоягузории амалиёти кунунии ИМА дар Украина ва қариб 14 млрд доллари дигар барои хариди таслиҳот ва дигар муҳимоти ҷангӣ равона мешавад. Ба илова, дар тарҳи қонун ирсоли мушакҳои дурпарвози навъи ATACMS ба Киев дар назар дошта шудааст.

Тарҳи қонуни ҷудо кардани 60 млрд доллар барои Украина аз охири соли 2023 дар Конгресси ИМА дар монда буд. Институти омӯзиши ҷанг мегӯяд, дар мондани тарҳи қонун ба вазъият дар хатти аввали ҷанг таъсир расонидааст: Украина ба камбуди таслиҳот рӯ ба рӯ шудааст ва Русия аз ҳисоби ин ба пешравиҳое даст ёфтааст.

XS
SM
MD
LG