Ссылки доступа

Рӯзи сиёҳи сокинони Сурхоб


Деҳаи Сурхоб
Деҳаи Сурхоб

Даҳҳо сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор дар сели субҳи 25-уми май хонаҳояшонро аз даст доданд.

Бештари хонаҳои ин деҳа хароб ё барои зиндагӣ хатарнок шудаанд.

Қурбонгул Алихонова, сокини ин деҳа субҳи 25-уми май танҳо тавонист санадҳои заруриашро бо худ гирифта аз хонааш фирор кунад. Он субҳ на танҳо Қурбонгул, балки мардуми бисёре ба куҳдомани канори деҳа паноҳ бурданд. Ҳоло Қурбонгул аз баландӣ фақат хонаи фурӯрафтаашро нигоҳ мекунад. “Ҳамин ним соат борон зад, ҳамин қадар тавонистам, ки ҳуҷҷатҳоямро гирам. Агар тавонед, рафта аз пеш бинед. Ҳозир дар масҷиду клуб хоб ҳастем, омада аз ҳамин теппа мебинему меравем,”—гуфт ӯ.

Ҳоло ҳар кӯчаву паскӯчаи деҳаи Сурхоб зери лойю гил аст. Мақомоту сокинон барои рафъи пайомадҳои офат даст ба кор шудаанд. Аммо сокинон мегӯянд, ки мақомот дар расондани ёрӣ дасткӯтоҳӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки сокинон ҷиҳозу ашёи рӯзгори аз сел зарарнадидаро берун мекашанд. Бисёре аз зарардидагон чашм ба роҳи кумаканд.

Нуралӣ Ҳақназаров, сокини зарардидаи деҳаи Сурхоб мегӯяд, деворҳои хонааш кафида, фурӯ рафтаанд ва ашёи рӯзғораш зери обу лой мондааст.

Сел он рӯз аз чаҳор тараф ба деҳаи Сурхоб ворид шудааст. Роҳҳои ин минтақа зарар дида, мақомот ба боз кардани роҳ талош доранд.

Зариф Ализода, раиси ноҳияи Фархор мегӯяд, онҳо талошҳои рафъи оқибатҳои селро назорат доранд.

Як ҳайати ҳукуматӣ ба шумориши осеб машғул аст. Шояд пас аз он кӯмаки бештаре расад, вале осебдидагони сел мегӯянд, ки ин кор бояд ҳарчӣ зудтар анҷом шавад.

Ин бори аввал нест, ки деҳаи Сурхобро сел мезанад ва бошандагонаш аз он зарар мебинанд.

Баъди ду соли офат давлати Қатар ба сокинони ин минтақа хона бунёд карда буд.

Аммо сокинони деҳаи зарардида гуфтанд, хонаҳо ба номи онҳо, вале ба коми дигарон шуданд. Ба онҳо танҳо замин доданд. Барои сохтани манзил маблағ ва неру даркор буд. Ҳамин тавр онҳо натавонистанд, ба макони амн кучонида шаванд.

XS
SM
MD
LG