Дар бораи боздошти кормандони пулис Рузахунов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Вай навишт, яке аз боздоштшудаҳо ҷой доштани шиканҷа ва хушунатро эътироф кардааст.
Моҳи январи соли 2022 мақомоти Қазоқистон навори Рузахуновро тавассути телевизион нашр карданд, ки дар он мусиқинавоз "эътироф" мекард, ки дар ивази маблағ дар бетартибиҳо иштирок кардааст.
Хешовандони Рузахунов ӯро дар наворҳо шинохтанд ва пушти дари сафорати Қазоқистон дар Қирғизистон гирдиҳамоӣ ва озодии ӯро талаб карданд.
Баъд аз раҳоӣ Рузахунов гуфт, мақомоти Қазоқистон ӯро бидуни далел боздошт ва латту кӯб кардаанд. Рузахунов мақомоти Қазоқистонро ба додгоҳ кашид ва ҷуброн талаб кард.