Ссылки доступа

Фаронса як шаҳрванди Русияро дастгир кардааст


Маъмурони пулиси Фаронса рӯзи якшанбеи гузашта як шаҳрванди 40-солаи Русияро дастгир кардаанд.

Хабаргузории "Франс Пресс" бо истинод ба додситонии Фаронса навиштааст, шаҳрванди Русия бо гумони "омодагӣ ба амалҳое, ки метавонанд вазъро дар ҷараёни Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Порис ноором созанд", дастгир карда шудааст.

Ному насаби боздоштшуда ифшо намешавад.

Зидди ӯ рӯзи сешанбе бо гумони "ҷосусӣ ба нафъи кишвари дигар бо ҳадафи барангехтани хусумат дар Фаронса" айб эълом гаштааст. Ин банди қонун то 30 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Расонаи "Le Parisien" хабар дода, ки маъмурони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Фаронса шаҳрванди Русияро баъди чанд рӯзи назорат дастгир кардаанд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис аз 26 июл то 11 августи имсол баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG