Ссылки доступа

Боздошти 2 зодаи Тоҷикистон бо гумони латтукӯби роҳгузарон дар Русия


Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, шахсияти ҳамаи аъзои гуруҳеро, ки дар Митишах роҳгузаронро барои симои зоҳирияшон латтукӯб мекарданд, муайян кардааст.

Ду узви гуруҳро аллакай дастгир кардаанд.

Чанде пеш дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад як гуруҳи ҷавонон ҳамсолони худро латтукӯб мекунанд. Расонаи "Readovka" навишт, ки ин гуруҳ гӯиё "полиси шариат"-ро ташкил карда, ҷавонписаронро барои доштани холкӯбӣ, мӯйи сари дароз ва духтаронро барои либоси "номуносиб" латтукӯб мекунанд.

Гуруҳро нафаре бо номи Давлаталӣ Зоиров, ки соли 2023 шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст, раҳбарӣ мекард.

Зоиров баъди он ки видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард бо нашри наворе узр пурсид ва гуфт, "Дар Русия таваллуд ва бузург шудаам. Ин кишварро дӯст медорам".

Кумитаи тафтишотии Русия бо банди "Авбошӣ" парванда боз кардааст. "Шахсияти ҳамаи гумонбарон муайян шудааст. Онҳо зода ва шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Ду узви гуруҳ боздошт ва як тани дигар таҳти пайгард қарор дода шудааст", - омадааст дар иттилоияи кумита.

XS
SM
MD
LG