Ссылки доступа

Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони таблиғи ҳамҷинсгароӣ ихроҷ кард


Додгоҳе дар Волгоград шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз ӯ Самим Раҳмонқул ном бурда мешавад, бо гумони "таблиғи ЛГБТ ё ҳамҷинсгароӣ" аз кишвар ихроҷ кардааст.

Ба иттилои тарҳи "Қафқоз.Воқеӣ", шаҳрванди Тоҷикистон баъди 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ аз Русия ихроҷ хоҳад шуд.

Тибқи маводи парванда, Раҳмонқул гӯиё дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" бо нашри аксҳои худ хидматрасонии шаҳвониро пешниҳод кардааст.

Муфаттишон гуфтаанд, эълони шаҳрванди Тоҷикистон ба "ташаккули муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ, ҷалби робита ва афзалиятҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ, изҳори таваҷҷӯҳ ба чунин муносибатҳо ё тағйири ҷинс" равона шудааст.

Самим Раҳмонқул гӯиё дар додгоҳ гуноҳро ба гардан гирифта, аммо бар асоси банд 51-уми Конститутсия аз додани шоҳидӣ алайҳи худ даст кашидааст.

XS
SM
MD
LG