Дар ин бора сухангӯи додгоҳҳои Петербург Даря Лебедева ба расонаҳо хабар додааст..
Ба гуфтаи ӯ, Файзулохонзода гӯиё узви гуруҳи телеграмие будааст, ки гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" тавассути он одамонро ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия ҷалб мекунад.
"Шахсоне, ки дар "Крокус Сити Холл" ҳамлаи террористӣ анҷом доданд, тавассути ин канал ҷалб шуда буданд", - афзудааст Даря Лебедева.
Лебедева гуфтааст, Файзулохонзода 19 январи соли 2024 ба Русия рафта, баъди гирифтани патент худро дар минтақаи Фуражний дар қайд мондааст, вале дар ҷойи дигар кору зиндагӣ мекард. Назари худи Файзулохонзода ба ин гуфтаҳо дастрас нест.