Ин иқдом дар посух ба тасмими ахири Иттиҳоди Аврупо, ки 24 июн дастрасӣ ба сомонаҳои чаҳор хабаргузории русӣ, “ Voice of Europe”, “РИА Новости”, “Известий” ва “Российской газеты”-ро дар қаламрави ИА маҳдуд кард, гирифта шудааст.
Ба иттилои вазорат, ҳамакнун сомонаи расонаҳои чандин кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Испания, Италия, Чехия, Шветсия, Лаҳистон, Финландия, Малта, Ирландия ва воситаҳои ахбори умумиавруоӣ дар Русия масдуд мешаванд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, дар сурати бекор шудани маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои русӣ дар Аврупо тасмими онҳо низ бозбинӣ хоҳад шуд.