Як зан аз ноҳияи аз Чарҷеваи Лебап дар суҳбат ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, барои ивази шиноснома аз Туркия ба ватан омада буд ва ҳоло мехоҳад, ба он кишвар баргардад, вале наметавонад раводид дарёфт кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, сафорати Туркия дар шаҳри Ишқобод бо вуҷуди он ки солҳои тӯлонӣ дар Туркия кору зиндагӣ кардааст, барояш раводид намедиҳад.
Ӯ мегӯяд, зоҳиран ба ӯ барои он раводид намедиҳанд, ки шавҳараш ба хотири аз даст надодани тиҷорати худ бо вуҷуди ба поён расидани муҳлати шиносномааш ғайриқонунӣ дар Туркия боқӣ монд.
Ин зан гуфт, қаблан низ аз чандин шаҳрванди Туркманистон шунида буд, ки ба онҳо ба хотири будубоши ғайриқонунии баъзе аз хешовандонашон дар Туркия раводид надодаанд.
Сафорати Туркия дар Ишқобод сабаби надодани раводид ба туркманистониҳоро шарҳ намедиҳад.