Ссылки доступа

Путин мулоқот бо Павел Дуровро дар Озарбойҷон рад кард


Президенти Русия Владимир Путин дар як ҳамоиш дар Владивосток гуфт, бо бунёдгузори паёмакрасони Телеграм Павел Дуров, ки дар Фаронса зиддаш парванда боз кардаанд, "чандин сол пеш"  мулоқот карда буд.

Ба гуфтаи Путин ин вохӯрӣ дар доираи мулоқот бо соҳибкорон дар Кремл баргузор шуда буд. Ӯ хабари мулоқоташ бо Дуровро дар ҷараёни сафари худ ба Озарбойҷон рад кард. Бунёдгузори Телеграм дар рӯзҳои сафари Путин ба Боку дар Озарбойҷон қарор дошт.

Путин гуфт, фикр мекард, ки Дуров дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад. Вай парвандаи бунёдгузори Телеграмро “интихобӣ” номида, изҳор дошт, ки мақомоти Русия алайҳи ӯ ҳеч даъвое надоранд.

Додгоҳи Фаронса Дуровро рӯзи 28-уми август бар ивази гарав ба маблағи панҷ миллион евро озод кард.

Муассиси Телеграм шоми 24-уми август дар фурудгоҳи Бургеи Фаронса ҳангоми вуруд аз Озарбойҷон дастгир шуд. Миллиардери 39-сола, ки шаҳрвандии Фаронсаву Русияро дорад, бо ҳавопаймои хусусӣ ба Фаронса рафта буд.

Павел Дуров, ки дар Русия ба дунё омадааст, 10 сол пеш ватанашро тарк кард ва соли 2021 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Ӯ асосан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард ва қароргоҳи ширкаташ ҳам онҷост.

Ба навиштаи Politico, ҳукумати Фаронса ҳанӯз моҳи март фармони боздошти Павел Дуров ва бародараш Николайро содир карда буданд. Додситонӣ гуфтааст, тафтиш алайҳи "Телеграм" ва бунёдгузораш моҳи феврал оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG