Фармони Путин дар ин бора дар портали ҳуқуқии Русия нашр шудааст. Он ба ширкатҳо ва шаҳрвандони Русия ҳақ медиҳад, ки бо талаби ғайриқонунӣ эълом кардани мусодираи дороиҳояшон дар Амрико ба додгоҳҳои кишвари худ шикоят кунанд.
Агар додгоҳҳои Русия мусодираи амволи русиягиҳоро дар ИМА ғайриқонунӣ эълом кунад, комиссияи махсуси ҳукуматӣ барои ҷуброн дороиҳои марбут ба Амрикоро, ки дар ин кишвар пайдо шудаанд, пешниҳод мекунанд.
Тибқи ин фармони Путин, амволи ғайриманқул, коғазҳои қиматбаҳо ва саҳмияи ширкатҳо, ки ба ИМА ё шаҳрвандони он дар Русия тааллуқ доранд, мусодира мешавад.
Гуфта мешавад, ин фармон гӯиё дар робита ба иқдомҳои "ғайридӯстона ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ"-и ИМА алайҳи Русия ва Бонки марказии он содир гаштааст.
Президенти ИМА Ҷо Байден 24 апрел қонунеро имзо кард, ки ҳар ду палатаи Конгресс барои ҷудо кардани бастаи нави кумакҳои низомӣ ба Украина қабул карда буданд.
Яке аз бандҳои қонун иҷозат медиҳад, дороиҳои давлатии Русия, ки таҳти салоҳияти ИМА қарор доранд, ба нафъи Украина мусодира карда шаванд.