Ссылки доступа

Путин ба Ғарб ҳушдор дод, ки ба Украина иҷозаи истифода аз мушакҳои дурпарвозро надиҳад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин ҳушдор додааст, ки агар кишварҳои ғарбӣ ба Украина иҷозат бидиҳанд, ки аз мушакаҳои дурпарвоз зидди ин кишвар истифода кунад, ин ба маънои вуруди мустақими НАТО ва кишварҳои таъминкунандаи аслиҳа ба ҷанг аст. 

Раиси ҷумҳури Русия рӯзи 12-уми сентябр дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии он кишвар гуфт, "масъала иҷоза додан ба режими Украина барои ҳамла ба Русия бо истифода аз ин силоҳҳо нест, балки тасмимгирӣ дар мавриди ин аст, ки оё кишварҳои узви НАТО мехоҳанд ба таври мустақим вориди ҷанг шаванд ё не".

Ӯ иддао кард, ки Украина тавони истифода аз маълумоти моҳвораӣ барои ҳамла ва барномарезӣ барои масирҳои парвози мушакҳоро надорад ва ин кор бо кумаки мутахассисони НАТО сурат мегирад. Вай дар идома гуфтааст, "ҳар кишваре, ки ба Украина чунин иҷозаеро диҳад, дар ҳукми он аст, ки мустақим вориди ҷанг шудааст".

Дар моҳҳои ахир Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина борҳо хостори дарёфти чунин иҷоза аз суи муттаҳидони Киев шуд ва ин хостаро рӯзи панҷшанбе низ такрор кард.

Хабаргузории "Рейтерз" ҳафта гузашта ба нақл аз бархе манбаъҳои огоҳ гузориш дод, ки Амрико ба созише барои фиристодани ин навъи аслиҳа ба Украина наздик шудааст, аммо то "ҳалли бархе масъалаҳои фаннӣ" ва ниҳоӣ шудани он, Киев бояд чанд моҳ сабр кунад.

Ин ҳушдори Путин дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомҳои баландпояи Лаҳистон (Полша) дар сафари вазири корҳои хориҷии Амрико ба ин кишвар хостори тағйири сиёсатҳои Амрико дар заминаи маҳдуд кардани Украина барои истифодаи мушакҳои дурпарвози Ғарб шуданд.

Сафари аврупоии Энтони Блинкен, вазири хориҷии Амрико рӯзи 12 сентябор бо боздид аз Лаҳистон ва мулоқот бо мақомҳои баландпояи ин кишвар ба поён расид.

Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои амрикоии худ дар Варшава таъкид кард, ки вақте Маскав "бо ҳамла ба ғайринизомиён муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ мешавад", Украина бояд ҳаққи истифода аз аслиҳаи ғарбиро барои дифоъ аз худ дошта бошад. Ӯ гуфт, "қурбонии таҷовуз ҳаққи дифоъ аз худро дорад".

Амрико таъкид мекунад, ки истифода аз ин мушакҳои дурпарвоз танишҳоро бештар мекунад ва бинобар ин, бо иҷоза додани он мувофиқ набудааст. Бо ин вуҷуд, аз изҳороти мақомҳои амрикоӣ ва бритониёӣ бармеояд, ки ин ду кишвар қасди тағйири сиёсатҳои худ дар ин бораро доранд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва Кир Стармер , нахуствазири Бритониё қарор аст имруз дар Амрико бо якдигар дидор кунанд.

Сафари Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико ба Варшава як руз пас аз сафараш ба Киев ба ҳамроҳии Дэвид Лемми, ҳамтои бритониёии худ, сурат гирифт.

Ӯ яке аз ҳадафҳои сафари худ ба Киевро шунидани изҳороти мақомҳои украинӣ дар бораи ниёзҳояшон "бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунии майдони ҷанг, аз ҷумла дар шарқ ва дигар бахшҳои Украина" зикр кард.

Вазири корҳои хориҷии Амрико таъкид кард, "дар сурати зарурат, худро бо шароити нав мутобиқ мекунем, то дар баробари таҷовузи Русия дифоъ кунем".

XS
SM
MD
LG