Ссылки доступа

Путин номзадии Мишустинро ба мақоми сарвазирии Русия дигарбора пешниҳод кард


Михаил Мишустин
Михаил Мишустин

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дод, ки президент Владимир Путин номзадии Михаил Мишустинро ба мақоми сарвазирии ин кишвар дубора пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи Володин, ҷаласаи порлумонӣ дар робита ба таъйини раиси ҳукумати Русия баъди 10 май баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа нахуст ҳисоботи Мишустин шунида мешавад ва сипас раъйгирӣ хоҳад шуд.

Ҳукумати Русия баъди анҷоми маросими савгандёдкунии Владимир Путин дар мақоми президентии Русия, ба истеъфо рафта буд.

Қаблан манбаъҳо аз Русия гуфта буданд, ки Путин сарвазири кунуниро иваз нахоҳад кард ва Михаил Мишустин раиси ҳукумат ва сарвазири Русия боқӣ хоҳад монд.

Рӯзи 7 май дар Кремл маросими савгандёдкунии президенти Русия баргузор шуд. Путин бори панҷум ба курсии президентӣ нишаст. Ин муҳлати президентӣ бояд соли 2030 ба поён расад.

Ассамблеяи порлумони Шӯрои Аврупо ва Порлумони Аврупо интихоботи президентии ахирро дар Русия қонунӣ эътироф накарданд.

XS
SM
MD
LG