Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, дар маҷмуъ дар се рӯзи ахир дар натиҷаи ҳамлаҳо панҷ фармондеҳи "Ҷиҳоди исломӣ" кушта шудааст. Ба иттилои мақомоти тиббии Ғаза, дар ҳамлаҳои ахири Исроил дар Ғаза дар маҷмуъ 29 кас кушта, 92 тани дигар маҷруҳ шудааст. Миёни кушташудаҳо 10 тан сокинони осоишта ҳастанд. СММ марги сокинони осоиштаро ғайри қобили қабул унвон кард.
Артиши Исроил мегӯяд, аз сӯи Ғаза ба Исроил на камтар аз 803 мушак партоб шудааст, ки аз ин шумор 620 мушак ба ҳудуди Исроил расидааст. Бархе аз мушакҳо ба биноҳо расида, бархеи дигар дар майдонҳои холӣ афтодаанд.