Ссылки доступа

Сарвазири Словакия боқии табобатро дар хонааш мегирад


Сарвазири Словакия Роберт Фикоро, ки ду ҳафта пеш дар натиҷаи як сӯиқасд захмӣ шуда буд, аз бемористони шаҳри Банска-Бистритса ба пойтахти ин кишвар - Братислава бурдаанд.

Ин хабарро раҳбарияти бемористон дар суҳбат бо расонаҳо тасдиқ крдааст.

Бино ба хабарҳо, сарвазирро ба хонааш бурдаанд ва боқии табобатро онҷо хоҳад гирифт. Сардухтури бемористони Банска-Бистритса Мариам Лапуникова гуфтааст, раванди беҳбуд ёфтани вазъи сиҳатии Роберт Фико муваффақона пеш меравад.

Роберт Фико баъди сӯиқасд ба ҷонаш дар мазҳари ом ҳозир нашудааст ва изҳороте ҳам надодааст. Аъзои ҳукумати ӯ ва ҳамҳизбонаш низ боре нагуфтанд, ки сарвазири бо онҳо гуфтугӯи сиёсие кардааст, ё не.

Роберт Фикоро нимаи дувуми 15-уми май пас аз ҷаласаи ҳукумати Словакия парронданд.

Он ҳангом Роберт Фико дар наздикии Братислава ва дар миёни издиҳом қарор доштааст. Рӯзноманигорони шоҳиди ҳодиса гуфтанд, 5 садои тир шунида шуд.

Гумонбар дар маҳалли ҳодиса дастгир шуд. Вазири корҳои дохилии Словакия Матуш Шутай-Эшток гуфт, сӯиқасд ба ҷони Фико ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG