Ссылки доступа

Сарвазири Фаластини худгардон истеъфо дод


Мухаммед Штайе
Мухаммед Штайе

Сарвазири Фаластини худгардон Муҳаммад Штийе ба роҳбари Маъмурияти миллии Фаластин Маҳмуд Аббос аризаи истеъфояшро супурд.

Ҳамроҳ бо Штийе ҳукумати ӯ низ ба истеъфо меравад. Ин истеъфо ба эҳтимоли зиёд дар пайи он сурат гирифтааст, сиёсатмадорони канораи Ғарбии дарёи Урдун дар робита ба вазъи навори Ғазза натавонистаанд, иттифоқи назар ҳосил кунанд.

Маҳмуд Аббос истеъфои Штийеро пазируфтааст. Штийе то ташкили ҳукумати нав вазифаҳои сарвазирро иҷро мекунад.

Штийе гуфт, "ба далели бадшавии вазъ дар канораи ғарбӣ ва Байтулмуқаддас, қатли омм ва гуруснагӣ дар навори Ғазза" тасмими истеъфоро гирифтааст.

Шиддат гирифтани вазъ дар навори Ғазза баъди он шуруъ шуд, ки ҲАМОС рӯзи 7 октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла кард. Дар натиҷаи он ҳамла бештар аз 1200 кас кушта ва асир гирифта шуд. Дар амалиёти ҷавобии Исроил ба навори Ғазза то имрӯз наздик ба 30 ҳазор кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG