Ссылки доступа

Вазъи сиҳатии Давлатмурод Тоҷимуродов дар зиндон бад шудааст


Давлатмурод Тоҷимуродов
Давлатмурод Тоҷимуродов

Вазъи сиҳатии фаъол ва рӯзноманигори қарақалпоқистонӣ Давлатмурод Тоҷимуродов дар зиндон бад шудааст.

Модари рӯзноманигор ибтидои моҳи равон дар зиндони шаҳри Навоии Узбекистон, ки Тоҷимуродов дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, бо писараш мулоқот кардааст. Ба гуфтаи модар, Тоҷимуродов дар як моҳ ҳудуди 10 кило хароб шуда, бо зур роҳ меравад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Тоҷимуродов ҳамроҳи 150 зиндонӣ дар якҷой ва дар шароити бад нигаҳдорӣ мешавад. Онҳо ба оби нушокии тоза дастрасӣ надоранд.

Додгоҳи шаҳри Бухоро 31-уми январи соли гузашта ҳукми 22 тан аз иштирокдорони эътирозҳои Нуқусро эълом кард. Рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов 16 сол зиндонӣ шуд. Ҳамчунин 15 гумонбари дигар аз 3 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG