Посухи радди ҳукумат рӯзи 4 апрел дар сомонаи девони вазирони он кишвар нашр шуд. Сабаби чунин тасмим дар он баён нашудааст.
Зурабишвилӣ тасмим дорад, рӯзҳои 10-12 апрел ба Вилнюс сафар кунад. Вай ҳоло нагуфтааст, ки баъд аз посухи радди ҳукумат чӣ тасмим хоҳад гирифт.
Тасмими охири вазирони Гурҷистон - нишони дигаре аз авҷгирии ихтилоф миёни сиёсатмадорони ҳизби ҳоким ва роҳбари он давлат аст. Тирамоҳи соли гузашта, замоне ки нуфузи Зурабишвилӣ дар Гурҷистон, ба далели тасмимҳои ғарбгароёнаву украинагароёна, меафзуд, ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" талоши аз мақом рондани ӯро кард. Зурабишвилиро ба далели сафарҳои хориҷии бидуни иҷозаи ҳукумат дар помолсозии Конститутсия айбор карда буданд.
Дар ниҳоят талошҳои "импичмент" ё беэътимодии ҳизби ҳоким ноком шуданд.
Баъди ҳамлаи Русия ба Украина мақомоти Гурҷистон талош доранд, ки ба Ғарб наздик шаванд, ҳамзамон намехоҳанд, бо Маскав вориди ихтилоф гарданд. Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ", ки мавқеи русиягӣ дорад, Маскавро барои ҳамла ба Украина маҳкум, аммо нахост зидди Русия таҳрим ҷорӣ кунад.