Ссылки доступа

Пулиси Русия ҳаққи ихроҷи муҳоҷиронро дарёфт кард


Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ба пулис ҳақ медиҳад, то шаҳрвандони хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ кунад.

Дар ҳоли ҳозир танҳо додгоҳ ва марзбонон ҳақ доранд, ки шаҳрвандони хориҷиро дар сурати даст ба қонуншиканӣ задан аз Русия биронанд.

Ҳамчунин дар тарҳи қонун омадааст, шаҳрвандони хориҷие, ки қарори ихроҷашон содир ё иҷозатномаи зисташон дар Русия бекор шудааст, то замони берун шудан аз ин кишвар ҳақ надоранд, амволи ғайриманқул ё воситаи нақлиёт харанд, аз бонк қарз гиранд, мошин ронанд, издивоҷ кунанд, ҳисоби бонкӣ кушоянд ва дар як моҳ аз беш аз 30 ҳазор рубл харҷ карда, озодона дар ҳудуди Русия ҳаракат кунанд.

Ин гуруҳи муҳоҷирон таҳти назорати махсус қарор гирифта, вазифадоранд, ки пайваста пулисро аз маҳалли зисти худ огаҳ намоянд.

Хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, ки дар миёни муаллифони лоиҳаи қонун намояндагони ҳамаи ҷиноҳҳои Думаи давлатии Русия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG