Ссылки доступа

Тасдиқи куштори беш аз 45000 низомии Русия дар ҷанги Украина


Рӯзноманигорон ному насаби 45 123 низомии русро муайян карданд, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Ин таҳқиқро хабарнигорони расонаи "Медиазона" ва бахши русии Би-би-сӣ бо гуруҳи ихтиёриён анҷом додаанд.

Аз се ду ҳиссаи кушташудаҳо онҳое ҳастанд, ки пеш аз ҳамла ба Украина бо артиши Русия робитае надоштанд. Яъне, бештари онҳо ихтиёриён, даъватшудаҳо, маҳбусони пешин ва ҷалбшудаҳо аз ширкатҳои ба истилоҳ хусусии низомӣ будаанд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, аз 5406 низомии басеҷшуда 80 дарсадашон дар соли дувуми ҷанг кушта шудаанд. Дар гузориш омадааст, бештари низомиёни кушташуда аз вилоятҳои Краснодар, Свердловск, Челябинск ва Ҷумҳурии Бошқирдистон мебошанд.

Омори мазкурро хабарнигорон аз манобеи боз, ба мисли таъзияномаҳо дар матбуот, навиштаҳои хешовандони кушташудагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъ овардаанд.

Вазорати дифои Русия талафоти сарбозонаш дар ҷангро ошкор намекунад ва омори хабарнигоронро ҳам шарҳ надодааст. Аввали ҳамин расонаҳои Русия маълум карданд, ки сар аз соли 2022 Бунёди давлатии нафақаи Русия ба кормандонаш амр додааст, ки дар бораи онҳое, ки дар ҷанги Украина ширкат кардаанд ва имтиёзҳо ба онҳо, ё хешовандонашон дода мешавад, маълумотро нашр накунанд, чун мумкин аст, бо истифода аз он талафоти неруҳои Русия дар ҷанг маълум карда шавад.

XS
SM
MD
LG