Ссылки доступа

Дар Русия дар робита ба заҳролудшавии оммавӣ як муҳоҷири тоҷикро ҳабс карданд


Додгоҳе дар шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Норматов Каримро дар робита ба заҳролудшавии оммавии муштариёни ширкати "Савон-К" ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, Каримов, ки дар "Савон-К" ба ҳайси ошпаз кор мекард, ҳангоми кушиши тарки Русия дар фурудгоҳ дастгир шудааст.

Се гумонбари дигар, мудири "Кухня на районе" Антон Лозин, сардори бахши сифати ширкат Елена Машкова ва мудири тиҷории "Савон-К" Владимир Шин ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудаанд. Ҳарчанд муфаттишон талаб карда буданд, ки онҳо низ ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд.

Аз ғизои "Кухня на районе" беш аз 120 сокини Маскав заҳролуд шуд. Вазъи зиёда аз 50 кас вазнин шуда, 30 нафар дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ гашт.

Дар Роспотребнадзор гуфтанд, сокинон аз лубиёи консервашудае заҳролуд шуданд, ки аз сӯи "Савон-К" омода шуда буд.

XS
SM
MD
LG