"Дар сурати баланд шудани ҳарорати гармии ҳаво дар пасманзари боришоти шадиди моҳи феврал дар рӯдхонаҳои кӯҳии ҷанубӣ, ҷануб ва шарқи Қазоқистон обхезиҳо пешбинӣ мешавад. Тибқи пешгӯиҳо, моҳи марти соли 2023 асосан гарм хоҳад омад", - гуфтаанд мутахассисони хадамот.
Онҳо аксҳои моҳвораиро омӯхта, муайян кардаанд, ки беш аз 70 дарсади қаламрави Қазоқистон дар зери барф қарор дорад ва ин эҳтимоли омадани селро дар як қатор вилоятҳо дучанд месозад.
Дар Қазоқистон пайваста дар фасли баҳор обхезӣ сурат мегирад. Вилояти Қазоқистони Ғарбии ин кишвар соли гузашта дар пайи омадани сел аз ҳама бештар осеб дида буд. Дар он 185 бинои истиқоматӣ зери об монданд.