Шоми якшанбе, 12 май, Владимир Путин ба Шӯрои федератсия номзади вазир ва раҳбаронеро эълон кард, ки бевосита ба президент итоат мекунанд.
Қариб ҳамаи раҳбарони ин блок, ба истиснои Сергей Шойгу, мақоми худро нигоҳ доштанд. Ба ҷойи Шойгу, ки масъули ҷанги Русия дар Украина буд, Андрей Белоусов, муовини аввали нахуствазир вазири нави дифои Русия таъйин шуд.
Белоусов ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи палатаи болоии порлумони Русия гуфт, пур кардани саффи артиш яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа хоҳад буд, вале на аз тариқи басеҷ. Ӯ воридоти аслиҳаи замонавӣ, дастгоҳи мухобиротӣ ва бесарнишинҳоро яке аз вазифаҳои дигари Вазорати дифои Русия номид.
Владимир Путин Сергей Шойгуро котиби Шӯрои амнияти Русия таъйин кард.