Ссылки доступа

Порлумони Гурҷистон лоиҳаи қонунеро алайҳи ҳамҷинсгароӣ қабул кард


Порлумони Гурҷистон 27 июн дар қироати аввал бастаи 19 лоиҳаи қонунеро тасвиб кард, ки ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро дар ин кишвар маҳдуд ва ҳифзи “арзишҳои хонаводагӣ”-ро эълом мекунад.

Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳа ҳизби ҳоким раъй дода, бештари намояндагони мухолифон ҷаласаро таҳрим карданд.

Дар лоиҳаи қонун омадааст, ки ҷуфти ҳамҷинсгаро ҳаққи ба фарзандхонӣ ё ба парасторӣ гирифтани кудакро надоранд. Ҳамчунин баргузор кардани ҷамъомадҳое, ки ба "машҳурсозӣ"-и никоҳи ҳамҷинсгароён, тағйири ҷинс, фарзандхонии ҷуфтҳои ҳамҷинсгаро равона шудаанд, манъ мебошад. Ин мафҳум роҳпаймоии ҳамҷинсгароёнро низ дар бармегирад.

Вакилони порлумони Гурҷистон ҳамчунин пешниҳод карданд, ки рӯзи 17 май дар ин кишвар “Рӯзи муқаддаси оила” эълом шавад. Дар ин рӯз дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барои дастгирии ҳамҷинсгароён чорабиниҳо баргузор мешавад.

Гурҷистон номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо аст ва дар иттиҳод аз ин лоиҳаи қонун сахт интиқод карданд.

XS
SM
MD
LG