Хониши севум ва ниҳоии тарҳи баҳсбарангез рӯзи 14-уми май баргузор шуд.
84 вакили Гурҷистон ба тарафдорӣ аз он раъй дода, 30 нафар муқобил баромадаанд.
Тарҳи қонунро ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" пешниҳод кард. Норозиён онро ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия шабеҳ донистанд.
Даҳҳо ҳазор нафар чанд ҳафта алайҳи пазируфта шудани тарҳ дар Тбилиси (Тифлис) эътироз карданд. Мақомоти Гурҷистон алайҳи норозиён аз обу гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода карданд.
Гурҷистон дар соли 2008 ва пас аз як ҷанги кӯтоҳ бо Русия ва аз даст додани қисме аз қаламравҳояш ҳамкориро бо Аврупо бештар карда буд. Ҳоло мухолифон мегӯянд, бо қабули ин қонун Гурҷистон худашро ба Русия наздик мекунад.