"Ҳамос дар идома ёфтани ҷанги нобудсози Исроил дар навори Ғазза қисман масъул аст. Мо аз "Ҳамос" даъват мекунем, ки ба манфиатҳои олии миллӣ авлавият дода, ба мақомоти ишғолгар барои идома додани кушторҳо баҳона пешниҳод накунад", - омадааст дар изҳороти роҳбари Маъмурияти миллии Фаластин Маҳмуд Аббос.
Ин изҳорот як рӯз баъд аз ҳамлаи артиши Исроил ба ҷануби навори Ғазза нашр шуд. Исроил гуфт, Муҳаммад Зайиф, раҳбари шохаи низомии Ҳамос ҳадафи ин ҳамла буд, ки дар шаҳри Хон Юнус дар Ғазза сурат гирифт ва даҳҳо кушта барҷой гузошт.
"Ҳамос" дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико як созмони террористӣ эълом шудааст. Ба гуфтаи як манбаъ дар артиши Исроил, ки бо шарти зикр нашудани номаш суҳбат кардааст, Рафо Салам, яке аз раҳбарони дигари "Ҳамос" низ дар ҳамлаи мазкур ҳадаф гирифта шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ҳардуи ин афрод кушта шудаанд, ё не. Вазорати тандурустии Ғазза эълон кард, ки дар зарбаҳои ҳавоии Исроил 71 кас ҷон додааст.