Онҳоро дар фурудгоҳи пойгоҳи низомии Эндрюси канори Вашингтон, президент Ҷо Байден ва ноибаш Камал Ҳаррис истиқбол гирифтанд.
Барномаи табодули зиндониҳо, ки 1-уми август миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ анҷом шуд, бузуртарин иваз кардани маҳбусон аз замони Ҷанги Сард ба ҳисоб меравад.
Ҳавопаймо Алсу Қурмашева, Эван Гершкович ва Пол Виланро шоми 1-уми август аз Туркия ба Вашингтон бурд. Ин се нафар бахше аз 16 зиндоние буданд, ки Русияву Беларус бар ивази ҳашт шаҳрванди Русияи зиндонӣ дар ИМА ва чанд кишвари дигар табдил карданд.
Байден, ки пеш аз ин дар Кохи Сафед дар як нишасти хабарӣ ҳамроҳ бо Камала Ҳаррис ин табодули таърихиро ситоиш кард, ҳамроҳ бо аҳли хонаводаи зиндониҳо дар фурудгоҳ ба пешвози собиқ зиндониҳо рафт.
Қурмашева - хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Гершкович – хабарнигори Wall Street Journal ва Вилан – як мудири ширкати амниятӣ дар Мичиган – ҳамаашон шаҳрванди ИМА мебошанд.
Аввал шуда аз ҳавопаймо Вилан берун шуд, ки бештар аз дигарҳо, яъне панҷ сол дар зиндон пушти сар кардааст. Баъди вай Гершковичи 32-сола берун шуд, ки аз моҳи марти соли 2023 дар ҳабс буд. Ӯро ҳангоми таҳияи гузориш дар Екатеринбург боздошт карда, моҳи июли имсол бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 16 соли ҳабс маҳкум карданд. Вақте хабарнигорон аз ӯ пурсиданд, чӣ ҳол дорад, кӯтоҳ гуфт, “бад нестам”.
Қурмашеваи 47-сола, модари ду фарзанд октябри соли 2023 дар Қазон ҳабс шуд ва иттиҳоми аввалааш худдорӣ аз сабтином ба ҳайси агенти хориҷӣ буд. Ин қонуни шадид хабарнигорону фаъолони мунаққиди ҳукумати Русияро ҳадаф қарор медиҳад. Ӯро дар ниҳоят моҳи июл бо иттиҳоми пахши иттилои дурӯғин дар бораи артиши Русия ба 6,5 соли зиндон маҳкум карданд.
Байден гуфт, ҳамаи онҳо дар “мурофиаҳои намоишкорона” бо “иттиҳоми дурӯғини ҷосусӣ” маҳкум шуданд.
Вақте аз Байден пурсиданд, ки баъди ин табодул ба Путин чӣ гуфтан мехоҳад, ӯ гуфт: “Бас аст”. Манзури Байден ин аст, ки “бас аст ҳабси амрикоиҳо бо иттиҳомҳои сохта”.
Ӯ гуфт: “Ман тарафдори ин ақида нестам, ки бигузор ин мардум дар зиндон бипӯсанд, чунки дигарон метавонанд ҳабс шаванд”. Бо ин ҳарфаш Байден интиқодҳо дар заминаи инро, ки дар пайи чунин табодулҳо амрикоиҳои бештарро метавонанд ҳабс кунанд, рад кард.
Пеш аз ин Байден таъкид кард, ки Олмон дар ҷараёни табодули зиндониҳо “ба гузаштҳои ҷиддӣ” роҳ дод, чун полковники ФСБ Вадим Красиков, ки соли 2019 собиқ ҷангандаи чечентаборро дар Берлин кушта шуд, ба ватанаш баргардонид.
Табодули зиндониҳо дар шароите барпо шуд, ки равобити миёни Вашингтон ва Маскав дар пайи ҷанги васеъмиқёси Русия алайҳи Украина, ки соли 2022 шурӯъ шуд, дар поинтарин сатҳ қарор дорад.
Дар миёни собиқ зиндониҳое, ки дар ин табодул озод шуданд, сиёсатмадори дигарандеш Владимир Кара-Мурза ҳам ҳаст, ки шаҳрвандии Русия ва Бритониёро дорад ва ҷанги Русия алайҳи Украинаро интиқод карда буд.
Кара-Мурза инчунин ҳақи иқомати Амрикоро дорад, вале пеш аз ин ба Олмон сафар кард. Аз он ҷо ӯ қарор аст ба Амрико ба назди оилааш биравад.
Қарор аст баъди як муддат фурсати дидорбинӣ бо аҳли оилаашон, Қурмашева, Гершкович ва Вилан ба Сан Антониои Техас мераванд. Он ҷо аввал муолиҷа гирифта, баъд бо мақомоти амрикоӣ дар бораи давраи ҳабсу боздошташон нақл мекунанд.
“Алсу, Эван, Пол, Владимир ва дигарон, шумо ба назди хонаводаҳои худ ва азизонатон баргаштед”, навишт дар шабакаи Х резиденти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел.
“Ман ба ҳама, аз ҷумла ин ҷо дар Аврупо ба ҳамаи онҳое, ки ин созиши дипломатиро амалӣ карданд, ташаккур мегӯям. Иттиҳоди Аврупо ҳимояти ҳамаи онҳоеро, ки ғуйриқонунӣ дар Русия ё ҷойи дигар ҳабс шудаанд, идома медиҳад,»-гуфт Мишел.
Дар миёни 16 озодшудаи дирӯза аз Русия ва Беларус инчунин панҷ шаҳрванди Олмон ва ҳафт шаҳрванди Русия ҳам ҳастанд, ки дар кишвари худ зиндонии сиёсӣ шинохта мешаванд.
Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс гуфт, ки қарори озод кардани Красиков бисёр сахт қабул шуд. Ӯ гуфт, “ҳеҷ кас қарори истирдоди як қотили маҳкумшуда ба зиндони абадро фақат баъди чанд соли ҳабс қабул кардан намехоҳад”.
Шолтс, ки дар Кёлн чанд соат пеш аз расидани зиндониҳои озодшуда гап мезад, гуфт, “манфиати давлат барои дидани ин ки ӯ ҷазояшро гирифтааст бояд дар муқобили хатар ба дигарҳо ва дар баъзе ҳолат ҷони афроди бегуноҳ дар зиндонҳои Русия ва ҳам зиндониҳои сиёсӣ” дар тарозу гузошта шавад.»
Байден гуфт, Олмон барои ин табодул чизе талаб накард. Ӯ афзуд, ин табодул “намунаи қавии ин аст, ки чаро доштани дӯст дар ҷаҳон муҳим аст”.
Полша, Словения ва Норвегия ҳам дар табодули зиндониҳо мусоидат карданд, чун онҳо ҳам бархе шаҳрвандони Русияро, ки дар зиндонҳои онҳо буданд, бозпас доданд.
Туркия, як узви НАТО, ки бо Маскав ҳам робитаҳои қавие дорад, дар музокироти табодули зиндониҳо нақши фаъоле дошт ва маросими табодули зиндониҳо бевосита дар Анқара ҷараён гирифт.