Ссылки доступа

Шаҳрванди Қирғизистон бо артиши Русия қарордоди навро имзо кардааст


Шаҳрванди Қирғизистон Аскар Кубаничбек уулу, ки барои иштирок дар ҷанг алайҳи Украина нахуст зиндонӣ ва сипас шартан озод шуда буд, бо артиши Русия қарордоди нав бастааст,

Кирилл Кабанов, раиси Кумитаи миллии мубориза бо фасоди Русия дар паёмрасони Телеграм хабар дод, ки ба зодаи Қирғизистон дар маркази муҳоҷирати Сахарово "барои шиносномаи русӣ маблағи ҳангуфт пешниҳод кардаанд”, вале ӯ ба Ёқутистон рафта, шартномаи навро имзо кардааст.

Худи Кубаничбек уулу то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24 январи имсол парвандаи Аскар Кубаничбек уулуро, ки пештар бо айби иштирок дар ҷангҳои Украина 10 сол зиндонӣ шуда буд, бозбинӣ ва шартан аз зиндон раҳо кард.

Тибқи маводи парванда, Кубаничбек уулу моҳи июни соли 2022 ба ҷанги зидди Украина рафтааст. Ӯ моҳи ноябри соли 2022 аз сафи нерӯҳо ихроҷ ва баъди баргашт ба Бишкек дастгир шуд.

Кубаничбек уулу дар додгоҳ гуфт, дар ҳайати неруҳои ҷудоихоҳ дар ҷумҳурии ба истилоҳ, Луҳанск хидмат мекард ва танҳо дар тақсими кумакҳои башардӯстона иштирок кардааст. Ба гуфтаи Кубаничбек уулу, вай ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҷанги Украина рафта буд.

XS
SM
MD
LG