Муовини намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Ӯш Қурбонбек Айтибоев гуфтааст, мақомоти ду кишвар дар ҳоли ҳозир барои боз кардани гузаргоҳи "Шаркан-Сай" талош доранд.
"Боз шудани гузаргоҳи марзӣ, ки дар наздикии "Қара-Суу", бузургтарин бозори яклӯхтфурӯшӣ дар водии Фарғона аст, боиси рушди тиҷорат хоҳад шуд", - изҳор доштааст Айтибоев.
Дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон, дар ҳудуди вилояти Ӯш ду гузаргоҳи марзӣ - "Шаркан-Сай" ва "Интимак" аст. Онҳо 14 сол пеш, дар давраи раҳбарии презиенди пешини Узбекистон Ислом Каримов баста шуданд.
Сокинони вилоятҳои Ӯши Қирғизистону Андиҷони Узбекистон дар ҳоли ҳозир тавассути гузаргоҳи асосии "Достук" ба кишварҳои ҳамдигар сафар мекунанд. Бештари вақт дар ин гузаргоҳ навбатпоиҳои тӯлонӣ ба миён меояд.