Дар навор мавзуъҳои силоҳ, ҳуқуқ ба исқоти ҳамл ва бимаи тиббӣ матраҳ шудааст. Вожаи калидӣ дар навор даъват ба озодӣ аст.
Муовини президенти ИМА ба озодӣ аз зуроварии марбут ба силоҳ ва озодии назорати бадани худ даъват кардааст. Ҳарис мегӯяд, барои ояндае талош мекунад, ки дар он ҳама ба хидматрасонии тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд ва ягон кудак дар фақр ба сар набарад.
Ҷонибдорони президенти пешини ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп Ҳаррисро дар "бозӣ бо идеологияи чапгароён" муттаҳам мекунанд. Қаблан худи Трамп дар суҳбат бо нашрияи "New York Post" Ҳаррисро "аҳмақ ва бад" номида буд.
Камалла Ҳаррис соли 1964 дар хонаводаи муҳоҷирон аз Ҳинд ва Ямайка ба дунё омадааст. Ӯ ҳуқуқшиносӣ хонда, ба ҳайси муфаттиш кор карда ва ба мақоми додситони зодгоҳаш аёлати Калифорния расидааст. Ӯро дар мубориза бо ҷинояткорӣ сахтгир номидаанд, вале айни замон барои беаҳамиятӣ ба бераҳмии пулис ва нобаробарии нажодӣ танқид кардаанд.