Ссылки доступа

Гумонбарони ҳамлаи 11 сентябр розӣ шуданд, гуноҳро ба гардан гиранд


Се гумонбари ҳамлаи террористии 11-уми сентбяр дар Амрико рӯзи чоршанбе розӣ шудаанд, ки бар ивази ҳабси якумрӣ гуноҳро ба гардан гиранд.

Ин созиш дар пайи гуфтугӯҳои дусолаи вакилони дифои гумонбарон бо додситонҳо ба миён омадааст. Бар асоси он, додситонии Амрико дар сурати эътирофи гуноҳ барои гумонбарон ҳукми қатл талаб нахоҳад кард.

Холид Шайх Муҳаммад, Валид ибни Атташ ва Мустафо ал-Ҳавсавӣ, ки аз соли 2006 дар пойгоҳи низомии Гуантанамои Амрико нигаҳдорӣ мешаванд, дар ташкили ҳамла ба Маркази савдои ҷаҳонӣ дар шаҳри Ню-Йорк бо истифода аз ҳавопаймоҳои мусофирбар муттаҳам мешаванд.

Бино ба фарзияи тафтишот, гӯиё Холид Шайх Муҳаммад идеяи ҳамла ба маркази тиҷориро бо ҳавопаймоҳои мусофирбар ҳанӯз дар соли 1996 ба раҳбари кушташудаи гуруҳи террористии ал-Қоида Усома ибни Лодин пешниҳод кардааст.

Дар натиҷаи ҳамлаи 11 сентябр соли 2001 се ҳазор кас кушта шуд. Ҳазорон нафари дигар захм бардоштанд. Наҷотбахшони зиёде ҳам бар асари нафас гирифтани чангу дуд солҳои баъдӣ фавтиданд.

Таҳқиқи хадамоти амниятии Амрико номи террористонро маълум кард. Понздаҳ нафар аз Арабистони Саудӣ, чаҳор нафар аз кишварҳои дигари арабӣ буданд. Халабонҳое, ки ҳавопаймоҳоро рабуданд, дар Амрико парвозро омӯхта будаанд.

Тарҳрезу сармоягузори амалиёт Усома бин Лодан, зодаи Арабистони Саудӣ буд. Муфаттишон гуфтанд, меъмори аслии террорҳои 11-уми сентябр Холид Шайх Муҳаммад будааст. 7-уми октябри соли 2001 раиси ҷумҳур Буш эълон кард, ки ба зидди “Ал-Қоида” ва мизбонашон “Толибон” дар Афғонистон амал

XS
SM
MD
LG