Нашрия ба манбаҳо худ такя мекунад: ду намояндаи баландпояи пешини мақомоти Русия, ки то кунун бо Кремл робита доранд, инчунин афроди расмӣ аз ИМА ва дигар кишварҳо, ки аз фиристодаҳои Путин чунин пешниҳоде гирифтаанд. Нашрия номи манбаҳои худро ошкор накардааст.
Расман Маскав аз ҳадафҳои амалиёти ба ном махсуси низомӣ, ки Путин онҳоро 24 феврали соли 2022 эълом карда буд, даст накашидааст. Ҳадафҳои Путин ҷудо кардани Донбасс аз Украина ва "денатсификатсия" ё ғайримиллатгароӣ ва ғайринизомӣ эълом шудаанд. Путин бори дигар рӯзи 14 декабри соли ҷорӣ гуфт, ки "ҳадафҳои амалиёти махсуси низомӣ" бе тағйир боқӣ мондаанд.
Ҳамсуҳбатони нашрияи The New York Times гуфтаанд, намояндагони Ғарбӣ аз охири моҳи сентябр борҳо аз Русия паём гирифтаанд, ки Путин омодаи қатъ сохтани ҷанг ҳаст.