Ссылки доступа

Яҳё Синвор раҳбари нави сиёсии "Ҳамос" эълом шуд


Яҳё Синвор
Яҳё Синвор

Гуруҳи фаластинии “Ҳамос”, ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом шудааст, Яҳё Синворро ба ҳайси роҳбари нави сиёсии худ эълом кард.

Синвор ҷойгузини Исмоил Ҳания шуд, ки 31 июл дар Теҳрон кушта шуд. “Ҳамос” 6 август эълом кард, ки Яҳё Синвор роҳбари нави сиёсии ин ҳаракат аст.

Синвор яке аз тарроҳони ҳамлаи 7 октябри соли 2023 ба Исроил гуфта мешавад, ки ба иттилои хабаргузории Ройтерс дар Навори Ғазза пинҳон шудааст.

Яҳё Синвор ними умрашро дар зиндонҳои Исроил гузаронда ва дар ҳоли ҳозир аз роҳбарони таъсиргузори "Ҳамос" ба ҳисоб меравад, ки дар қайди ҳаётанд. Исроил борҳо эълон кардааст, ки ҳадафи аз байн бурдани Яҳё Синворро дорад.

XS
SM
MD
LG