Ссылки доступа

Норвегия, Испания ва Ирландия Фаластинро ҳамчун давлат эътироф карданд


Норвегия Фаластинро ҳамчун давлат эътироф кард ва ин қарор аз 28 май ба иҷро медарояд.

Дар ин бора "NRK" бо истинод ба изҳороти сарвазири Норвегия Йонас Гаар Стер хабар додааст.

Мақомоти Ирландия ва Испания низ эълом карданд, ки тасмими ҳамсон гирифтаанд.

Вазири корҳои хориҷии Исроил Исроил Катс дар вокуниш ба ин хабар дастур додааст, ки сафирони кишвараш аз Ирландия ва Норвегия бозхонд шаванд.

Дар ҳоли ҳозир аз миёни кишварҳои аврупоӣ Булғористон, Маҷористон, Қибрис, Малта, Лаҳистон, Руминия, Словакия, Чехия ва Шветсария истиқлоли Фаластинро эътироф кардаанд.

Истиқлоли Фаластинро аз миёни 193 кишвари узви СММ то ҳол ҷамъан 143 давлат эътироф кардааст.

Қаблан президенти ИМА Ҷо Байден низ аз таъсиси давлати Фаластин ҷонибдорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG