"Демаркатсия дар мавриди Ҷумҳурии Арманистон дар умум ва дақиқан чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки мо бояд пайдо кунем, Ҷумҳурии Арманистон аз куҷо оғоз мешавад. Ҳамаи мо медонем, шумо ҳам аз ман хубтар медонед, ки он аз куҷо оғоз ва дар куҷо ба поён мерасад", - иқтибос овардааст бахши арманистонии Радиои Озодӣ аз суханони Пашинян.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Арманистон тасмим гирифтаанд, ки ба хотири "пешгирӣ аз ҷанг" аломатгузории хатти марзи давлатиро оғоз кунанд.
Никол Пашинян афзуда, ки комиссияҳои махсус бояд бираванд ва тасмим гиранд, ки Арманистн аз куҷо оғоз мешавад ва онро хатти марзи давлатӣ хоҳанд номид.
Ҳамсуҳбатони радио гуфтаанд, сарвазири Арманистон ба суолҳое, ки сокинони наздимарзиро нигарон мекунад, посухи дақиқ надод, вале гуфтааст, ҳамаи нигарониҳо ба инобат гирифта мешаванд.