Ин нукта дар изҳороте гуфта шудааст, ки баъди гуфтугӯҳои дуҷонибаи котиби давлатии ИМА Энтони Блинкену раҳбари Пентагон Ллойд Остин бо ҳамтоёнашон аз Австралия -- Пенни Вонг ва Ричард Марлз нашр гашт.
"Раҳбарон аз ҳамаи кишварҳое, ки метавонанд ба Русия таъсир расонанд, бахусус Чин даъват карданд, то ҳоло аз ин имкони худ барои хотима бахшидан ба даргириҳо дар Украина истифода кунанд. Онҳо бори дигар мавқеи худро равшан сохтанд, ки ҳар касе аз ҷанги ғайриқонунии Русия ҳимоят мекунад, бо оқибатҳои ногувор рӯбарӯ хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот.
ИМА ва Австралия ҳамчунин аз Русия даъват карданд, ки нерӯҳои худро аз ҳудуди Украина берун бурда, ҷуброни ҳамлаҳояшро ба он кишвар пардозад.