Дар ин бора хадамоти матбуотии сафорати Русия дар ИМА дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм иттилоъ додааст.
Русия аз 1 апрели имсол раёсати Шӯрои амнияти СММ-ро бар уҳда дорад ва қарор аст, рӯзҳои 24 ва 25 апрел ҷаласаҳои шӯро баргузор шаванд.
Сафири Русия дар Амрико Анатолий Антонов гуфт, ки дархости дарёфти раводид барои аъзои ҳайати Русия ба сафорати ИМА ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи марти имсол фиристода шудааст, аммо онҳо то ҳол иҷозати сафар ба Амрикоро дарёфт накардаанд.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, то "баргузории ҷаласаҳо рӯзҳои башумор мондааст. Ӯ аз Вошингтон хост, ба ҳайат ва рӯзноманигорони Русия раводид дода шавад.
Иттиҳоди Аврупо баъди шуруи ҷанги Украина ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Русия баст. Раҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфт, ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба Русия наметавонанд дар қаламрави иттиҳод фуруд оянд ва ё дар осмони он парвоз кунанд. Мақомоти амрикоӣ низ даст ба иқдоми ҳамсон заданд.