Вазорати дифои Испания хабар дода, ки раванди интиқоли 10 тонки "Leopard 2А4" баъди таъмир дар корхонаи "Santa Bárbara Sistemas" ва санҷиши комили коромадии онҳо ба Украина оғоз шудааст.
Дар вазорат гуфтанд, ки кумакҳои нави низомӣ охирҳои ҳафта ба Лаҳистон мерасанд ва аз онҷо ба Украина интиқол дода хоҳанд шуд.
Қаблан Испания 20 тонки "Leopard 2A4" ба Украина дода буд ва интизор меравад, дар нимаи дувуми соли 2024 чанд тонки дигар бидиҳад.