Ссылки доступа

Натаняҳу хост, Исроилу Амрико зидди Эрон эътилоф ташкил кунанд


Сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу рӯзи чоршанбе дар Конгресси ИМА дар Вашингтон суханронӣ карда, Эронро таҳдиди рақами як барои Ховари Миёна ва ҷаҳон номид.

Натаняҳу аз Амрико даъват кард, ки барои истодагарӣ дар баробари таҳдидҳои Эрон эътилофи навӣ низомии муштарак ташкил карда шавад.

Ӯ ҳамчунин хост, ба раванди интиқоли кумакҳои низомии амрикоӣ ба Исроил суръат бахшида шавад, то гуруҳи "Ҳамос"-ро дар навори Ғазза зудтар шикаст диҳанд. "Ҳамос" дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо "созмони террористӣ" эълом шудааст.

Сарвазири Исроил суханронияшро бо тасвири ҳамлаи гуруҳи "Ҳамос" ба ин кишвар дар рӯзи 7 октябри соли гузашта оғоз кард. Дар толор Ноа Аргамани, гаравгони озод кардаи "Ҳамос" ва наздикони асирони дигар ҳузур доштанд.

Натаняҳу ҷанги Исроил бо "Ҳамос"-ро "муборизаи тамаддун бо ваҳшоният" номида, гуфт, имрӯз терроризм ба Исроил, ИМА ва ҷаҳони араб таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG