Ссылки доступа

Тоҷикистон барои гурезаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон шаҳрак месозад


Барои гурезаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон ва зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ шаҳраки алоҳида месозанд. Пулашро Бонки Осиёии Рушд медиҳад. Ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ва дар 50-километрии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 31-уми июл гуфт, шаҳрак дар ҷойи хаймаҳое бунёд мешавад, ки соли 2022 гузошта буданд. Пас аз он ки гурӯҳи "Толибон" дар Афғонистон ба қудрат расид ва эҳтимоли сарозер шудани ҳазорҳо паноҳҷӯ аз он кишвар ба Тоҷикистон вуҷуд дошт.

Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони Афғонистонро дар соли 2021 бисёр маҳдуд кард. Он афғонистониҳое ҳам, ки ба Тоҷикистон омаданд, дубора ба кишварашон баргаштанд ё роҳии кишвари сеюм шуданд. Бо идомаи ҳукуматдории "Толибон", мақомоти Тоҷикистон омадани гурезаҳоро аз Афғонистон пешгӯӣ мекунанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, шаҳраки нав барои то 250 оила сохта мешавад: "Дар онҷо хонаҳои дуошёна ва мустаҳкам месозем. Як шаҳрча мешавад. Барои 200-250 оила бо тамоми шароиташ. Лоиҳа имзо шуд, тендер гузаронида истодаанд," -- афзуд Рустам Назарзода. Ин мансабдори тоҷик харҷи умумии нагуфт.

Ҷамшед Камолзода, сардори Раёсати ҳифзи аҳолии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, илова кард, ки сохтмони шаҳрак барои паноҳҷӯён оғоз шуда, эҳтимол то ду сол идома кунад.

"Гирду атрофи шаҳрак нав карда мешавад, роҳ ва пул азнавсозӣ шуда, ҳамзамон хати барқ оварда мешавад, ки доимо таъмин бошад", -- илова кард ӯ.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле барои гурезаҳои эҳтимолӣ паноҳгоҳ месозад, ки вуруди афғонистониҳо аз тариқи роҳи заминӣ хеле сахт аст. Дар ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон нигарони вазъ аз Афғонистон ва аз ҷумла вуруди гурезаҳо ҳастанд.

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки солҳо пеш ба Тоҷикистон омада буданд, асосан дар атрофи Душанбе зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо камтар аз даҳ ҳазор гуфта мешавад. Паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон борҳо аз набудани кор шикоят карда буданд.

Тибқи иттилои Созмони Милал соли 2022 мақомоти Тоҷикистон дастикам 85 паноҷҳӯйи афғонистониро аз кишвар рондаанд. Мақомоти тоҷик сабаби ин ҳолатро расман шарҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG