Ин суханҳои Овчинскийро, ки дар барномаи "Время покажет"-и Шабакаи аввали Русия садо доданд, нашрияи "The Moscow Times" иқтибос овардааст.
"Ҳуши омилонро қатъ карда буданд. Ба эҳтимоли зиёд, маводи психотропиву барномасозии нейропсихологӣ дар якҷоягӣ амал мекарданд ва шояд чип низ гузошта буданд. Зеро имрӯз нейробиология идораи шахсро имконпазир мегардонад", - изҳор доштааст ӯ.
Муҷрии барнома Анатолий Кузичев дар навбати худ ба нашрияи "Подъём" гуфта, ки "ба эфири онҳо шахсони тасодуфӣ роҳ намеёбанд ва ҳамаи иштирокдорон шахсиятҳои босалоҳият ва ҷиддӣ ҳастанд".
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб дидаанд.
Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.
Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун нуҳ нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳашт нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.