Ссылки доступа

Муфтии Тотористон ба иштирокдорони ҷанги Украина “биҳишт”-ро ваъда дод


Муфтии Тотористон Камил Самигуллин
Муфтии Тотористон Камил Самигуллин

Муфтии Тотористон Камил Самигуллин гуфтааст, шахсоне, ки дар шароити муайян дар ҷанги зидди Украина кушта мешаванд, “шаҳид ва биҳиштӣ” хоҳанд шуд.

“Вақте сарбоз диндор асту хона, оила ва ватани худро ҳимоят мекунад, Худованд ӯро ҳамчун шаҳид қабул хоҳад кард”, - иқтибос овардааст нашрияи “Бизнес Online” аз суханҳои муфтии Тотористон.

Самигуллин ҷанги низомиёни Русия зидди Украинаро “одилона” номида, афзудааст, ки сарбозони рус бо ин ҷанг ба Фаластин щам кумак мекунанд.

“Зеро Амрико ба хотири кумак ба Украина ба Исроил пули камтар харҷ мекунад”, - изҳор доштааст ӯ.

XS
SM
MD
LG