Хадамоти матбуотии Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав гуфтааст, "Аскар Бутаев ба табобати иҷборӣ ниёз дорад".
Тафтиши парвандаи Аскар Бутаев 24 июн ба поён расидааст. Бар асоси натиҷаи ташхис, "Бутаев ба далели бемори равонӣ будан ҳангоми содир кардани ҷиноят моҳияти воқеӣ ва хатари ҷамъиятии кирдорашро дарк карда наметавонист".
Додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав Аскар Бутаевро, ки дар калисои православӣ шамъҳоро хомӯш сохта, як нафарро тела дод, ба ҳабси пешакӣ маҳкум карда буд.
Хадамоти матбуотии додситонии Маскав иттилоъ дод, ки зидди Бутаев бо гумони нақзи озодии динӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба навиштаи телеграм-канали "Baza", ҳодиса нимаи дувуми рӯзи 18 июн дар калисои адмирал Феодор Ушаков рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Бутаев тамоми шамъҳоеро, ки онҷо фурӯзон буданд, хомӯш сохта, сипас як нафареро, ки дар дохил буд, тела додааст.
Аскар Бутаевро дертар дар хобгоҳе, ки онҷо зиндагӣ мекард, боздошт карданд.