Ссылки доступа

Боздошти як муҳоҷири тоҷик барои хомӯш сохтани шамъҳои калисо


Додгоҳи ноҳияи Зюзинои шаҳри Маскав шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Аскар Бутаевро, ки дар калисои православӣ шамъҳоро хомӯш сохта, як нафарро тела додааст, ҳабс кард.

Хадамоти матбуотии додситонии Маскав иттилоъ дода, ки Кумитаи тафтишотии Русия зидди Бутаев бо гумони нақзи озодии динӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба навиштаи телеграм-канали "Baza", ҳодиса нимаи дувуми рӯзи 18 июн дар калисои адмирал Феодор Ушаков рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Бутаев тамоми шамъҳоеро, ки онҷо фурӯзон буданд, хомӯш сохта, сипас як нафареро, ки дар дохил буд, тела додааст.

Аскар Бутаевро дертар дар хобгоҳе, ки онҷо зиндагӣ мекард, боздошт карданд.

Ба иттилои "Baza", Аскар Бутаев ҳамагӣ чанд рӯз пеш ба Маскав рафта будааст ва дар хобгоҳе дар наздикии калисо зиндагӣ мекардааст. Ба ӯ то 200 ҳазор рубл ҷарима ё то як соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG