Қонун дар ин бора аз 1 марти соли оянда ба иҷро медарояд, то корфармоянд барои риояи он омода шаванд.
Раҳбари Красноярск Михаил Котюков шарҳ надодааст, ки чаро чунин қонун қабул карданд. Вале қабули чунин қонунҳоро дар шаҳру вилоятҳои дигари Русия низ аз эҳтимол дур надонистааст.
Қаблан мҳоҷирон дар вилояти Томски Русия аз ҳаққи кор дар таксӣ, нуқтаҳои ғизои ом ва соҳаи маориф маҳрум шуда буданд.
"Агентство" навишта буд, ки дар сеяки минтақаҳои Русия, ҳатто дар нимҷазираи ишғолии Қрим низ фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд карда шудааст.